Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама мулоқот бо мушовиронашро идома медиҳад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, имрӯз мулоқоти дуввум бо мушовирони аршади сиёсиву низомияшро бахшида ба стратегияи кишвар дар Афғонистон доир хоҳад кард. Мулоқоти аввал дар ин мавзӯъ дар Вошингтон рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуда буд ва дар он вазири умури хориҷа Ҳилларӣ Клинтон ва вазири дифоъ Роберт Гейтс ҳам ширкат доштанд.
Рӯзи панҷшанбе Обама масоили марбут ба авзоъ дар Афғонистонро дар як сӯҳбати телефонӣ бо сарвазири Бритониё Гордон Браун баррасӣ намуд. Кохи Сафед дар пайи таҳияи стратегияи нави амал дар Афғонистон ва Покистон аст. Яке аз мавзӯъҳои аслие, ки баррасии он дар мулоқоти Обама бо мушовиронаш имрӯз ҳам идома хоҳад ёфт – имкони интиқоли нерӯҳои нав ба Афғонистон аст. Ба интиқоли сарбозони нав барои мубориза бо "Толибон" фармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Стэнли Маккристал пойфишорӣ дорад.
XS
SM
MD
LG