Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Амрико


ИМА дар паи таҳияи тарҳи нақшаест, ки интиқоли захираву мавод ва хадамоти бештарро ба Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар мегирад, ки ҳамзамон ба иқтисоди ин кишварҳо кӯмак мешавад. Ҳафтаи ҷорӣ вазирони тиҷорату савдои панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба шумули Афғонистон дар Вашингтон ба сар мебаранд ва дар масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ба иқтисодашон гуфтугӯҳо анҷом медиҳанд. Деметриос Марантис, муовини намояндаи тиҷоратии Иёлоти Муттаҳидаи гуфт, ки вазоратхонаи ӯ дар ҳамкории наздик бо Пентагон ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ дар масъалаи афзоиши имкониятҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ мекунад, то ки барои ироаи молу мавод ва хадамот ба хотири идомаи амалиёти низомӣ дар Афғонистон кӯмак шавад. Вай гуфт, ки ин масъала барои афзоиши имкониятҳои сармоягузориву эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар Осиёи Марказӣ ва аз ин роҳ, барои Иёлоти Муттаҳида дар амри расидан ба ҳадафҳояш дар Афғонистон кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG