Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон нест


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, мавзӯъи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро баррасӣ намекунад. Дар ин бора намояндаи Кохи Сафед Роберт Гиббс ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Обама амалиёти ИМА дар Афғонистонро, ки он ҷо ҳашт сол боз нерӯҳои амрикоӣ мустақаранд, мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор додааст. Ин ҳафта мушовирони аршади сиёсии раисиҷумҳури Амрико ҷамъ омада, мушкилоти марбут ба стратегияи амали Вошингтон дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG