Пайвандҳои дастрасӣ

Истикболи Ал-Барадей аз сиёсати Эрон дар бахши хастай


Раҳбари Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ваё МАГАТЭ Муҳаммад Ал-Барадаӣ аз тағйири сиёсати Эрон дар бахши энерҷии ҳастаӣ ва майли ин кишвар ба ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ хабар дод. Дар ҷараёни сафараш ба Теҳрон Ал-Барадаӣ аз «шаффофтар шудани барномаи ҳастаии Эрон» истиқбол кард ва иттилоъ дод, ки нозирони таслиҳотии МАГАТЭ 25 октябр аз корхонаи нави ғанисозии ураниум дар Эрон дидан мекунанд. Ҳамзамон раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфт, ки то ҳанӯз нигарониҳо аз аҳдофи Теҳрон дар робита ба идомаи барномаи ҳастаӣ боқӣ мондаанд.
Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор намуд, ки миёни кишвараш ва МАГАТЭ айни ҳол ягон мавзӯъи норушан мавҷуд нест.
XS
SM
MD
LG