Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Алиев аз музокирот бо Ереван


Илҳом Алиев – раиси ҷумҳури Озарбойҷон, мегӯяд, музокироти кишвараш бо Арманистон сари Вилояти Куҳистони Қаробоғ ба марҳилаи ниҳоӣ ворид шудааст. Зимни суханронӣ дар як нишасти кишварҳои туркзабон дар вилояти Нахҷувони Озарбойҷон, Илҳом Алиев гуфт, “ҳаракатҳои мусбате дар ҷараёни музокирот мушоҳида шуд ва ман метавонам бигӯям, ки музокирот дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.” Миёнҷигарони музокирот барои ҳалли муноқишаи Кӯҳистони Қаробоғ аз Фаронса, Амрико ва Русия ибрози умедворӣ кардаанд, ки аз мулоқоти Илҳом Алиев бо Серж Саркиссиён – раиси ҷумҳури Арманистон натиҷаи хубе ҳосил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG