Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел мунтазири эъломи Ирландия


Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои раъйпурсиии умумӣ дар Ирландия мавриди қабули Аҳдномаи Лиссабон эълом шавад, ки ин аҳднома, ислоҳот дар Иттиҳодияи Аврупоро пешбинӣ мекунад. Бино ба гузоришҳо, назархоҳиҳо баёнгари майли мардум ба пазируфтани санади мазкур аст, ки тасмимгириҳо дар Иттиҳодияи Аврупоро осонтар мекунад, ки ин хонавода 27 узв ва аҳолии тақрибан ним миллиард нафарӣ дорад. Иттиҳодияи Аврупо умедвор аст, ки се миллион раъйдиҳандагони Ирландия ин дафъа ба ҷонибдории Аҳдномаи Лиссабон раъй хоҳанд дод. Раъйпурсии соли гузашта дар Ирландия барои Иттиҳодияи Аврупо такондиҳанда буд, зеро мардуми он кишвар муқобили аҳднома раъй дода ва иҷрои онро ба таъхир андохтанд.
XS
SM
MD
LG