Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯиҳои умедворкунандаи иқтисоди ҷаҳонӣ



Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, назар ба пешгӯиҳо ҷаҳон аз паёмадҳои бадтарин рукуди иқтисодӣ, ки аз замони ҷанги дуюми ҷаҳон мушоҳида шудааст, зудтар ба худ меояд. Дар гузориши навтарини ин ниҳод, ки ба пешгӯиҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ихтисос ёфтааст, гуфта мешавад, ки соли 2010 иқтисоди ҷаҳонӣ дар сатҳи 3,1 % афзоиш меёбад. Қаблан ин пешравӣ дар мизони 2,5 % пешгӯӣ мешуд. Гузориш ҳокист, ки соли ҷорӣ нишондодҳои иқтисодӣ боз ҳам поин хоҳад рафт, вале на дар сатҳи 1,4 фоизи пешгӯишаванда, балки то андозаи 1,1 дар сад. Бо вуҷуди ингуна хушбиниҳо, суръати пешравӣ суст хоҳад буд ва хатари бозгашти мушкилоти гузашта ҳам ҳамоно по бар ҷо хоҳад буд. Оливер Бланшар, иқтисодшиноси калони Сандуқи байналмилалии пул гуфт:

“Ба фикри ман дуруст мешавад агар бигӯем, ки эҳёшавӣ шурӯъ шудааст. Омори ду семоҳаи гузаштаву нимсолаи дигари соли ҷорӣ мусбат хоҳад шуд. Ва бояд дар аксар кишварҳо ҳам хуб шавад. Ин як хабари хуб аст, чунки соле пеш, расо соли гузашта эҳсос ин буд, ки вазъ аз буда ҳам бадтар мешавад. Вале мо аз ин чиз гузаштем ва ҳоло дар оғози роҳи барқарорӣ қарор дорем, дасти кам дар мӯҳлати шаш моҳи оянда. Баъди он чӣ хоҳад шуд, ҳанӯз мушаххас нест”.

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ки Русия ва ҷумҳуриҳои дигари шӯравии пешин роҳи сахтеро барои барқарорӣ дар пеш доранд. Бахусус, мегӯяд ин ниҳоди молӣ, вазъи кишварҳое чандон хуб нест, ки бо содироти энержӣ машғул нестанд. Вале вазъи кишвари ғанӣ аз нафти Қазоқистон ҳам, ки дучори мушкилоти зиёд дар риштаи молӣ мебошад, чандон хуб нахоҳад шуд. Иқтисоди Русия, ки дар соли 2009 ҳудудан 7,5 дар садро ташкил медиҳад, соли оянда ҳудудан 1,5 дар сад афзоиш меёбаду халос.
XS
SM
MD
LG