Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА дар андешаи ирсоли нирӯ ба Афғонистон аст


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана гуфт, кишварҳои ИА қабл аз баррасии имкони ирсоли нирӯи тоза ба Афғонистон натоиҷи интихоботи он кишвар ва нашри стротежии нави Амрико мунтазир хоҳанд шуд. Солана дар ҳошияи нишасти вазирони дифоъи ИА дар Готенбурги Шветсия гуфт, ин фурсат барои таҳлили вазъ аст: “Идомаи ҳузур дар Афғонистон ба манфиати кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупост, вале ин наметавонад ҳузури абадӣ бошад.”
Нишасти Готенбург дар пайи даъвати фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон аст, ки хостори тағйири стротежии набард алайҳи Толибон шуда, аз ҷумла ба зарурати эъзоми нирӯву захираи бештар ба манзури таъмини пирӯзӣ дар ин ҷанг таъкид карда буд.
XS
SM
MD
LG