Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси созишномаи Тоҷикистону Русия дар парлумон


Хабаргузории давлатии “Ховар” мегӯяд, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, созишномаи байни Тоҷикистону Русия дар мавриди барномарезии муштараки истифодаи нирӯ ба манзури таъмини амнияти дуҷонибаи ин ду кишвар баррасӣ шудааст. Ҷузъиёти зиёди баҳси масъала дастрас нест, вале Душанбеву Маскав қаблан бар сари шеваи истифодаи пойгоҳи низомии Русия аз қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла бар сари пули иҷораи ин пойгоҳ ва наҳви тақсими масъулияти фармондеҳии нирӯҳои пойгоҳи Русия дар ҳолоти бӯҳронӣ вориди баҳсҳое шудаанд. Душанбе вале баъдан хабарҳо дар мавриди аз пойгоҳи Русия пули иҷора хостанашро радд кард.
XS
SM
MD
LG