Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумориши орои баҳсбарангези Афғонистон шурӯъ шуд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ба хотири хотима додан ба шумориши варақаҳои раъйдиҳии интихоботи раёсатҷумҳурӣ, 10 дар сади баргаҳои баҳсбарангезро ба зудтарин фурсат мавриди тафтишу бознигарӣ қарор медиҳанд. Комиссиюни интихоботии Афғонистон ва комиссиюни СММ, ки иттиҳомоти марбут ба тақаллуби густардаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, бо пахши изҳороти муштарак рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки омодаанд варақаҳои раъйдиҳии 313 нуқтаи раъйдиҳиро аз нав мавриди таҳқиқу санҷиш қарор диҳанд. Грант Киппен, раҳбари ҳайати тафтишотии СММ гуфт, ки умедвор аст мавридҳои тақаллуб бо кӯмаки мутахассисони бетарафи беруна ошкор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG