Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев омодаи ширкат дар интихоботи оянда аст


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки вай метавонад дар интихоботи соли 2012 барои бори дуюм номзадии худро ба мақоми раёсатҷумҳурӣ гузорад. Медведев дар ин замина ба саволи як донишҷӯ дар Пистбурди Амрико дар ҳошияи нишасти гурӯҳи G20 посух дод. Медведев соли гузашта ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия бо пуштибонии хеле қавии раҳбари пешин Владимир Путин интихоб шуд. Оғози моҳи ҷорӣ нахуствазир Путин гуфт, ки ӯву Медведев ба қароре хоҳанд расид, ки кадоми онҳо дар интихоботи оянда номзадии худро пешбарӣ хоҳад кард. Изҳороти Путин боиси эҷоди ҳадсу гумонзаниҳои нав дар заминаи пешбарии дигарбораи номзадии ӯ ба мақоми баландтарини ин кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG