Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуктаҳои муҳими паёми Обама дар СММ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз барои нахустин бор аз минбари Маҷмаъи умумии СММ суханронӣ кард. Обама аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, дар амри муқобила бо чолишҳои ҷаҳонӣ масъулияти бештаре бар дӯш бигиранд. Обама 4 масъалаи калидӣ – халъи силоҳҳои ҳастаӣ, ташвиқи сулҳу амният, ҳифзи сайёра ва иқтисоди ҷаҳониеро, ки ба кулли мардум имкони пешрафт бидиҳад, барои тазмини оянда зарур номид: “Бо иттифоқи ҳам мо бояд иттиҳодҳое бисозем, ки пуле байни ҷудоиҳои пешин шавад. Иттиҳоди байни мазоҳиб ва ҷаҳонбиниҳои мухталиф, байни шимолу ҷануб ва ғарбу шарқ, байни сафеду сиёҳ ва малла.”
Обама барномаҳои ҳастаии Эрону Кореяи шимолиро “хатарнок” хонд ва гуфт, агар онҳо таъқиби барномаҳои тавлиди таслиҳоти ҳастаиро аз амнияти байналмилалӣ боло гузоранд, бояд ба масъулият кашида шаванд. Обама ҳамчунин ба зарурати расидан ба сулҳи Ховари Миёна таъкид кард.
Дар иҷлоси имсолаи Маҷмаъи умумӣ раҳбарони беш аз 120 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омадаанд
XS
SM
MD
LG