Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Русияву Амрико имрӯз мулоқот доранд


Интизор меравад, раҳбарони Амрикову Русия дар ҳошияи ҷаласоти Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк мулоқот кунанд. Ин севвумин мулоқоти Барак Обама ва Дмитрий Медведев дар пайи ба курсии раёсатҷумҳурии Амрико нишастани Обама дар моҳи январи соли ҷорӣ буда, қарор аст, ду раҳбар аз ҷумла барномаҳои ҳастаии Эрон ва имкони эъмоли давраи чоруми таҳримоти СММ алайҳи Теҳронро ба иллати даст накашиданаш аз ғанисозии ураниум баҳс кунанд. Русия ахиран аломат дод, ки дар амри эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон ба қудратҳои ғарбӣ мухолифат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG