Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар СММ суханронӣ мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар кори 64-ум иҷлосияи маҷмаъи умумии СММ ширкат ва соати 3 баъд аз зуҳр суханронӣ кунад. Бино ба гузоришҳо, ӯ доир ба коҳиши босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва хатароти он барои минтақа ҳарф хоҳад зад. Қабл аз ин суханронӣ вай бо Ричард Ҳолбрук - фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида дар умури Афғонистон ва Покистон ва Маҳмад Абдул Гайс вазири корҳои хориҷаи Миср мулоқотҳои алоҳида хоҳад дошт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе дар як ҳамоиши ҷаҳонӣ дар мавриди гармоиши курраи Замин ширкат ва доир ба мавқеъи Тоҷикистон дар ин замина сухан гуфт.
XS
SM
MD
LG