Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Қирғизистон ба лимити нерӯи барқ


Ҳукумати Қирғизистон гуфт, ки интиқоли нерӯи барқ дар кишвар моҳи оянда бар асоси реҷа сурат хоҳад гирифт. Илёс Давидов – вазири энержии Қирғизистон гуфт, аз моҳи оянда интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар ба истиснои мактабу бемористонҳо аз нимашабӣ то соати 5 субҳ қатъ мешавад. Реҷаи махсуси интиқоли нерӯи барқ то баҳори соли оянда идома хоҳад кард. Қирғизистон, ки мисли Тоҷикистон соҳиби захираҳои азими энержии обӣ аст, соли саввум аст, ки маҷбур мешавад, интиқоли нерӯи барқро дар зисимтон маҳдуд кунад. Мунтақидони ҳукумат мегӯяд, фасодкорӣ ва мудирияти нодурусти ҳукумат дар амри истифодаи манобеъи энержӣ асосан сабаби норасоии нерӯи барқ дар Қирғизистон мешавад.
XS
SM
MD
LG