Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи нави фармондеҳи Ал-Қоида


Айман Завоҳирӣ - фармондеҳи дуввуми созмони терористии Ал-Қоида, дар як навори наве зоҳир шудааст, ки дар робита ба солгарди ҳамлаҳои 11 сентябр ба Амрико нашр кардаанд. "Сайт Интернешнл" як хадамоти нозири иттилоъотӣ дар Амрико мегӯяд, навори видеоии 106 дақиқаӣ ба забони арабист ва “Ғарб ва Нақби Торик” унвон гирифтааст. Дар ин навор Завоҳирӣ ва дигар аъзои Ал-Қоида, доир ба ҳодисаҳои соли гузашта аз ҷумла бӯҳрони молӣ ва интихоби Барак Обама ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико сӯҳбат мекунанд. Ин навори видеоӣ дар вебсайтҳое нашр шудааст, ки аксаран тарафдорони Ал-қоида истифода мебаранд. Ду ҳафта пештар навори дигаре низ нашр шуд, ки дар он Усома Бен Лодан ба амрикоиҳо барои муносиботи наздики кишварашон бо Исроил ҳушдор медод. Мегӯянд, ки Бен Лодан, бунёдгузори Ал-Қоида ва тарҳрези ҳамлаҳои 11 сентябр ба Амрико дар манотиқи кӯҳистонии наздимарзии Покистону Афғонистон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG