Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Карзай аз арзёбии МакКристалл


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз арзёбии фармондеҳи аршади Амрико генерал Стенлӣ МакКристалл, ки эъзоми нирӯҳои бештари Амрико ба Афғонистонро лозим мешуморад, пуштибонӣ кард. Карзай ин арзёбиро “бархӯрди дуруст” номида, ҳамчунин аз таъкиди генерал МакКристалл ба таъмини ҳимояти хубтари мардуми ғайринизомӣ ҳимоят кард.
Гузориши махфии МакКристалл, ки рӯзномаи "The Washington Post" пайдо ва нашраш кард, феълан дар дасти баррасии Кохи Сафед қарор дорад. Аммо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ахиран гуфт, ки танҳо баъд аз таъйин шудани стротежии кишвараш дар қиболи Афғонистон ҷиҳати ирсоли нирӯи изофӣ ба он кишвар тасмим хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG