Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон тағйири иқлимро баҳс хоҳанд кард


Имрӯз раҳбарони беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар як нишасти вижа дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк роҳу шеваҳои муқобила бо тағйири ҷаҳонии иқлимро баҳс хоҳанд кард. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун, ки нишасти имрӯзаро ӯ ифтитоҳ хоҳад кард, гуфт, ҳадафи нишасти ҷаҳонии тағйири иқлим эҷоди як иродаи сиёсӣ дар миёни раҳбарони ҷаҳон ба хотири даст ёфтан ба тасвиби паймони нави байналмилалӣ дар анҷумани моҳи декабр дар Копенҳаген мебошад.
Қарор аст, дар Копенҳаген як паймони нави байналмилалӣ, ки ҷойгузини паймони соли 1997 имзошудаи Киото хоҳад шуд, тасвиб шавад. Мақомоти СММ умедворанд, ки нишасти имрӯза дар амри рафъи ихтилофи назари байни кишварҳои сарватманд ва дар ҳоли рушд дар мавриди шеваи мушорикат дар барномаҳои коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ мусоидат кунад ва қудратҳои бузурги дар ҳоли рушд, назири Чину Ҳинд, низ ба ин маърака бипайванданд.
XS
SM
MD
LG