Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват барои таҳқиқи рафтори ҳукумати Эрон


Ду гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон аз Созмони Милали Муттаҳид тақозо кардаанд, то як намояндаи махсусро барои таҳқиқи иттиҳомоти ҷиддии нақзи ҳуқуқи инсон дар Эрон таъйин намояд. Ҳюман Райтс Вотч ва Созмони Ташаббуси Байналмилалии барои ҳуқуқи инсон дар Эрон мехоҳанд, то иттиҳомот доир ба поймол шудани ҳуқуқи мардум дар тазоҳуроти пас аз интихоботӣ дар Эрон таҳқиқ шавад. Ҳарду ин созмон рӯзи душанбе гуфтанд, ки дар саркӯбии тарафдорони мухолифин, ки алайҳи натиҷаҳои интихоботи рӯзи 12 июн эътироз мекарданд, 72 нафар кушта шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ба зидди тазоҳургарони осоишта “аз нерӯи ғайриқонунии марговар” кор гирифтаанд, онҳоро ба муддатҳои тулонӣ дар боздоштгоҳ нигаҳ доштаанд ва аз боздоштшудагон ба зӯрӣ эътироф ҳосил кардаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо, маъмурони амниятӣ боздоштшудагонро азият ва ба номусашон таҷовуз кардаанд. Мақомоти Эрон тамоми ин иддаъҳоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG