Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Русия аз даъвати НАТО


Русия аз даъвати НАТО барои муносиботи беҳтар бо он кишвар истиқбол карда, вале гуфт, беҳбуди равобит бо Русия асосан ба худи НАТО вобаста аст. Андрей Нестеренко – сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия, рӯзи душанбе дар шаҳри Маскав гуфт, Маскав мехоҳад, то Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ нигарониҳои Русияро ба инобат бигирад ва доир ба пешниҳоди Кремл дар мавриди аҳдномаи нави амниятӣ музокирот кунад, ки дар он ҳам НАТО ва ҳам кишварҳои шӯравии собиқ шомил бошанд. Вай зимни баёнияе ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамкории зичтари Русия бо НАТО ба таҳавуллот дар ин эътилофи низомӣ вобаста аст, ки зоҳиран ишорае ба тавсиъаи НАТО ба шарқ аст, ки метавонад умедҳо барои ҳамкории беҳтари ду тарафро барбод диҳад. Андерс Фог Рассмусен – дабири кулли НАТО рӯзи ҷумъа хостори ваҳдат миёни ин ду душман дар замони Ҷанги Сард шуд.
XS
SM
MD
LG