Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод аз радди Ҳолокост фахр мекунад


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмаднажод имрӯз гуфт, аз он ки вай Ҳолокостро рад кардаву хашму ғазаб дар Ғарбро ба вуҷуд овардааст, ифтихор мекунад. Аҳмадинажод ин нуктаро дар посух ба интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз суханронии ахири ӯ баён дошт. Дар суханронии худ дар Рӯзи Қудс дар Теҳрон, Аҳмадинажод қатлиоми миллионҳо яҳудиро аз тарафи натсистҳои Олмон дар ҷараёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум миф ё устура номид. Ихтилофоти лафзӣ дар ҳоле ба амал меояд, ки Эрон бо Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб дар баҳси марбут барномаи ҳастаияш гирифтори бумбаст шудааст. Қарор аст, Аҳмаднажод барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ба Ню Йорк сафар кунад. Нутқи ӯ дар ин ҳамоиш барои рӯзи чаҳоршанбе пайрезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG