Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 21-уми сентябр, мусулмонони Тоҷикистон пас аз як моҳи рӯзадорӣ ва тоату ибодат Иди Рамазон ё Фитрро таҷлил мекунанд.

Таҷлили аз иди Фитр бо баргузории барномаҳои мухталифи идона сурат гирифт. Нахустин шодбошӣ субҳи барвақт бо садои кӯдаконе оғоз шуд, ки дари кошонаҳоро кӯфтанд ва дар ивази муборакбодӣ аз ҳар хонадон идона дарёфт карданд.

Бузургсолон иди Рамазонро бо гузоштани намози ид оғоз карданд ва масҷидҳои ҷомеи пойтахти Тоҷикистон лабрез аз мардуми эътиқодманд буд. Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар ҳоле барои анҷоми ин маросим омода шуда буд, ки маъмурони интизомӣ ва амниятӣ ба манзури таъмини назму тартибот ва ташрифи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии порлумони Тоҷикистон, роҳравҳо ва атрофии онро таҳти контрол қарор дода буданд.

Вуруди намозгузорон ба масҷид низ тибқи бозрасӣ сурат гирифт. Бештари намозгузорон - ҷавонон ва афроди бузургсол буданд ва дар миёни онҳо қариб кӯдакон ва наврасон ба мушоҳида намерасид. Эҷоди маҳдудият дар вуруди кӯдакон ба масҷид аз далоили ин амр дониста мешавад. Зеро дар солҳои пеш ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ тибқи як дастур аз вуруди кӯдакон ва наврасон ба масҷидҳо, ба хусус масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба ҳангоми адои намози ид ҷилавгирӣ карда буданд.

Қабл аз намози иди Фитр, ки соати 7-у 20 дақиқаи вақти маҳаллӣ шурӯъ гардид, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии порлумони Тоҷикистон куллия мусалмонони кишварро ба муносибати ин ид табрик гуфт. Оқои Убайдуллоев зимни шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд, сокинони кишварро ба сарфаҷӯӣ дар ҳама умури ҷомеа даъват кард.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ҳини дидор аз масҷиди ҷомеъ сокинони кишварро ба сарфаҷӯӣ дар ҳама умури ҷомеа даъват кард
Вай бо ёдоварӣ аз иқдоми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди гузариш ба истифодаи чароғҳои каммасраф гуфт, муддати ду рӯзи ахир беш аз 220 ҳазор чароғи каммасраф ба ҳудуди 28 ҳазор хонавода дар шаҳри Душанбе тақсим карда шудаанд, ки ҳадафи аслӣ аз ин иқдом сарфаҷӯӣ аз нерӯи барқ аст. Зеро, ба гуфтаи оқои Убайдуллоев, мардуми Тоҷикистон дар остонаи фасли зимистон қарор дорад ва ин иқдом имкон хоҳад дод, то сокинони шаҳри Душанбе чун соли гузашта бидуни маҳдудият аз нерӯи барқ ба таври муассир истифода кунанд.

Афзун бар ин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сокинони шаҳри Душанбе, хост то дар таҷлили ҷашни 1310–умин солрӯзи Имоми Аъзам саҳми муносиб дошта бошанд. Ба ин далел вай гуфт, ҳар сокини шаҳри Душанберо лозим аст, то масулиятшинос бошад ва талош кунанд, ки ин рӯйдоди таърихӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар сатҳи воло баргузор шавад.

Зеро, ба таъкиди шаҳрдори Душанбе, интизор меравад ҷашни бузургдошти Имоми Аъзам дар моҳи октябр бо ширкати меҳмонон ва мақомоти баландпояи кишварҳои ҷаҳон баргузор шавад. Бузургдошти Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби Ҳанафия, ки 97 дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави он ҳастанд, ҳанӯз як солее қабл аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон эълом шуда буд.

Пас аз хонда шудани намози иди Фитр сокинони кишвар ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ рафтанд. Дар чеҳраи мардум низ саодату шодмонӣ ба мушоҳида мерасид. Чанд тан аз мӯйсафедон бо натиҷагирӣ аз як моҳи тоату ибодат, назари худро дар бораи поёни моҳи шарифи Рамазон ва баргузории иди Фитр чунин баён карданд.

Як муйсафед гуфт, «моҳи шарифи Рамазон хеле хуб гузашт ва мо мусалмонон тавонистем бидуни маҳдудият намоз гузорем ва имрӯз ҳам ки ид аст, ба хонаи ҳамдигар, ҳамсоягон ва хешу табор мераавем ва дар ҳаққи гузаштагон дуо ва фотиҳа мехонем.Умед дорем самараи ин ид барои мо хушиҳоро хоҳад овард».

Марди дигаре афзуд, «хеле хуб буд, ки мо дар ин моҳи муборак хатми Қуръон кардем ва тоату ибодатҳоро ба ҷо биёрем. Шукронаи Худованди таоло. Иншооллоҳ соли оянда низ ҳамин тавр хоҳад шуд».

Аммо аз назари як зани тоҷик, гаронии нархи маҳсулот дар бозорҳо, аз мушкилоти аслӣ барои бештари хонаводаҳо, умдатан хонаводаҳои камбизоъат будааст. Вай гуфт, «нарҳҳо дар бозор баланд аст. Ҳар сол дар арафаи ид нархи маҳсулот қиммат. Маҷбурем, харидорӣ кардем ва ба ид тайёрӣ дидем. Орзу мекунем, нарх арзон шавад. Барои мардуми камбизоат мушкил аст».

Ин дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе дар муқоиса ба солҳои пеш ба манзури коҳиш додани қиммати маҳсулот дар дӯконҳо ва бозорҳои пойтахт иқдомотеро рӯи даст гирифтааст. Аммо бо ин ҳам бархе аз фурӯшандаҳо ба ҷойи арзон кардани маҳсулот бар қиммати он афзудаанд, ки мояи нигаронии сокинон шудааст.

Баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991, давлат рӯзҳои баргузории идҳои мазҳабӣ, ба хусус иди «Фитр» ва иди «Қурбон»-ро таътил эълом карда ва аз он замон бад-ин сӯ ин идҳо бошукӯҳ ва бо ширкати иддае аз мақомҳои давлатӣ баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG