Пайвандҳои дастрасӣ

Зукоми хук як нафарро дар Русия кушт


Бино ба гузоришҳо, дар Русия нахустин бор яке аз шаҳрвандони ин кишвар бар асари бемории зукоми хук даргузаштааст. Дмитрий Лвов – мудири Пажӯҳишгоҳи Вирусшиносии Ивановский мегӯяд, як корманди тиббӣ, ки чанде пеш аз Булғористон ба Русия баргаштааст, баъди мубтало ба зукоми хук даргузашт. Ба гуфтаи вай, гурӯҳи таҳқиқотӣ собит кардааст, ки ин зан гирифтори зукоми хук аст ва ӯ рӯзе баъд ҳалок шудааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, зукоми хук то кунун дар саросари ҷаҳон тақрибан 4 ҳазор нафарро куштааст.
XS
SM
MD
LG