Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи боздоштшудаи Толибон даргузашт


Артиши Покистон мегӯяд, Шермуҳаммад Қассоб-фармондеҳи боздоштшудаи Толибони Покистон аз ҷароҳатҳои дар вақти боздошт бардоштааш дар зиндон даргузаштааст. Вай ҳафтаи гузашта боздошт шуда буд. Дафтари матбуотии артиши Покистон мегӯяд, Қассоб имрӯз даргузаштааст. Вай номи мустаори "Қассоб"-ро барои бераҳмиаш нисбат ба "душманонаш" гирифтааст. Барои сари Қассоб 121 000 доллар ҷоиза эълон шуда буд ва вай ба феҳристи 10 нафар фармондеҳони аслии Толибони Покистон дар водии Свот шомил шудаст.
XS
SM
MD
LG