Пайвандҳои дастрасӣ

Канада нирӯҳояшро аз Афғонистон берун кашиданист


Канада гуфтааст, ки замони маъмурияти нирӯҳояшро дар Афғонистон тамдид карданӣ нест. Дафтари сарвазири Канада Стивен Ҳарпер дар остонаи мулоқоти рӯзи 17 сентябри ӯ бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар Вошингтон гуфт, ки ҳатто агар Обама дархост кунад ҳам, Канада нирӯҳояшро соли 2011 аз Афғонистон берун хоҳад кашид. Ин муттаҳиди Амрико дар Афғонистон 2500 сарбоз дошта, тайи 8 сол дар он кишвари ҷангзада 130 сарбозашро бохтааст.
XS
SM
MD
LG