Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия мехоҳад мизбони музокирот бо Эрон шавад


Вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудуғлу гуфтааст, Анкара омода ҳаст мизбонии музокироти Эрон бо қудратҳои ҷаҳониро ба дӯш бигирад. Довудуғлу дар пайи мулоқоташ бо Саид Ҷалилӣ, раҳбари Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ин музокирот бояд “ҳарчӣ зудтар” оғоз шавад. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, кишвараш барои музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ рӯи масоили ҷаҳонӣ омодааст, аммо бар сари ҳаққи Теҳрон ба фанновариҳои ҳастаӣ сари мизи музокирот нахоҳад нишаст. Хабаргузории Форс Нюс аз қавли Аҳмадинажод навишт, ки гуфтааст, “доштани фанновариҳои мусолиматомези ҳастаӣ ҳаққи қонунии Эрон аст ва мардуми Эрон бо касе бар сари ҳуқуқи бидуни баҳсаш вориди музокирот нахоҳад шуд.”
XS
SM
MD
LG