Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳокимаи тазоҳургарони эронӣ


Додгоҳи Инқилоби Исломии Эрон рӯзи душанбе муҳокимаи дастаҷамъии тазоҳургаронеро, ки ба ошӯбҳои пас аз интихоботи моҳи июн муттаҳам мешаванд, идома медиҳад. Хабаргузории давлатии ИРНА мегӯяд, баъзе аз гузоришгарони матбуоти дохилӣ ба муҳокима роҳ дода мешаванд, вале хабарнигорони хориҷӣ ин иҷозаро надоранд. Эрон ҳудуди 140 тазоҳургарро, ки алайи интихоби дубораи раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн эътироз карданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст. Дар миёни ин афрод, сиёсатмадорони ислоҳгаро, фаъолони сиёсӣ ва коркунони сафоратҳои Бритониёву Фаронса ҳам ҳастанд. Мухолифин муҳокимаи тарафдоронашонро, “додгоҳи намоишӣ” хонда ва маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG