Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи тозаи хушунат дар Афғонистон


Дар мавҷи тозаи бомбгузориву даргириҳо дар Афғонистон 50 ғайринизомиву ҷангҷӯён ва маъмурони амниятии афғон кушта шудаанд. Артиши Амрико ҳам мегӯяд, дар ҳамингуна бомбгузориву даргириҳо, панҷ сарбози худро дар Афғонистон талаф додааст. Бино ба гузоришҳо, хушунат на танҳо дар манотиқи ноороми ҷанубу шарқи Афғонистон, балки дар дигар минтақаҳои ороми кишвар сурат гирифтааст. Дар яке аз бадтарин ҳодисаҳои ду рӯзи гузашта, ба гуфтаи вазорати умури дохилаи Афғонистон, дар вилояти Урузгон як мошини мардуми мулкӣ ба бомб бархӯрда, сабаби марги 14 мусофири он шудааст. Ва мақомоти расмӣ ҳамчунин гуфтанд, маъмурони амниятии афғон ҳамроҳ бо нерӯҳои эътилофӣ дар як юрише 11 ҷангҷӯи Толибонро дар вилояти Қундуз куштаанд.
XS
SM
MD
LG