Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои тақаллубкориҳо дар интихоботи Афғонистон


Комиссияи вижаи арзу шикоятҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки таҳти сарпарастии СММ фаьолият мекунад, баргаҳои раъйдиҳии 83 қитьаи интихоботиро беэътибор эълон кард. Таъкид мешавад, ки ҳамаи ин қитьахо дар минтақаҳое ҷойгиранд, ки пуштибонии раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай зиёд аст.
Комиссияи арзу шикояти Афғонистон, ки бо таҳқиқи дастикам 500 иттиҳомот дар қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурй машғул аст, дирӯз амр кард то баргаҳои раьй дар 51 қитьаи интихоботии вилояти Қандаҳор, 27 қитьаи вилояти Ғазни ва 5 қитьаи вилояти Пактиё бекор карда шаванд.
Тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, Карзай беш аз 54 дарсади райьҳои интихобкунандагонро касб кардааст ва аммо дар сурати аз сӯи Комиссияи мустакили интихоботй бекор шудани теъдоди бузурги баргаҳо шояд нишондоди Карзай аз 50 дарсад камтар шавад. Дар ин сурат даври дуввуми интихобот миёни Ҳомид Карзай ва рақиби аслиаш - собиқ вазири корҳои хориҷӣ Абдулло Абдулло баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG