Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви натоиҷи интихобот дар 32 ҳавзаи дигар


Куммиссиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботии Афғонистон имрӯз гуфт, ки орои ҳавзаҳои раъйгирӣ дар ду вилоятро ба иллати тақаллуб лағв кардааст. Ин куммиссиюн, ки таҳти пуштибонии СММ фаъолият мекунад, “далоили рӯшану қотеъи тақаллуб”-ро дар шуморе аз ҳавзаҳо дар вилоятҳои Пактикову Ғазнӣ, дар ҷанубушарқи Афғонистон кашф кардааст.
Ин куммисиюн дар баёнияе дар сомонаи интернетиаш навишт, ки натиҷаҳои раъйгирӣ дар 5 ҳавзаи вилояти Пактико ва 27 ҳавзаи вилояти Ғазниро бекор кардааст.
Интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурии Афғонистонро мавридҳои фаровони тақаллуб ҳамроҳӣ мекард. Бар асоси шумориши то ҳол анҷомшуда оро, раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай дар ин маърака 54 дарсад раъй ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG