Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи ҳамлаҳои нави хунин дар Ироқ


Силсилаи ҳамлаҳо дар Ироқ имрӯз беш аз 20 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Субҳи имрӯз як маргталаб бо мошини бомбгузоришуда ба як рустои курднишин дар шимоли Ироқ ҳамла кард. Дар ин ҳамла дастикам 19 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Пулис мегӯяд, як бомбгузори дигар талош дошт, инфиҷори дуввумро дар рустои низ курднишини Вардак, дар наздикии шаҳри Мувсил анҷом диҳад, вале нирӯҳои пешмаргаи курд ӯро дар даромадгоҳи русто ба ҳалокат расондаанд.
Ва дар бозори пуриздиҳоми шаҳри Маҳмудия, тақрибан 30-километрии ҷануби Бағдод, бар асари инфиҷори қариб паиҳами ду бомби рӯироҳ дасти кам 4 нафар кушта ва наздики 30 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG