Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамла ба занону кӯдакони ироқӣ


Субҳи имрӯз бар асари инфиҷор дар шимоли Ироқ 19 нафар ба ҳалокат расида, дасти кам 13 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ин ҳодиса дар деҳаи курднишини Вардек, воқеъ дар 390-километрии шимоли Бағдод рух додааст. Тибқи иттилоъи пешакй, як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро инфиҷор кардааст. Гуфта мешавад, бештари қурбониёни ин ҳамлаи террористй занону кӯдаконанд.
XS
SM
MD
LG