Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мушовири Мирҳусейни Мӯсавӣ


Рӯзи сешанбе дар Теҳрон Алиризо Биҳиштӣ, яке аз мушовирони собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ, боздошт шуд. Аз ин пеш хадамоти амниятии Эрон дафтари комиссиюнеро, ки аз сӯи мухолифон барои тафтиши сабабҳои таъқиби мухолифон баъд аз интихоботи президентии 12 июн таьсис шудааст, мавриди кофтуков карор дода буданд.
Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон раисиҷумхури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз эълон шуд. Мухолифон натоичи ин маъракаи сиёсиро зери шубҳа бурданд ва даст ба тазоҳурот заданд. Рӯзи сешанбе дар Теҳрон ҳамчунин дафтари ҳизбе, ки ба он дигар сиёсатмадори мухолифи хукумат Маҳдии Каррубӣ сарварӣ мекунад, аз сӯи кормандони амниятӣ кофтуков шуда буд.
XS
SM
MD
LG