Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаи соҳибкорони тоҷику ҳинд дар Пуғузе оғоз шуд


Дар нимаи дуввуми имрӯз дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Пуғузе, воқеъ дар дараи Варзоб маҷмаи тиҷоратии соҳибкорони тоҷику ҳинд оғоз шуд. Дар кори он руасои ҷамоҳири ҳар ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Пратибҳа Патил ширкат доранд. Дар ин маҷмаъ намояндагони тақрибан 40 ширкату корхонаи Ҳиндустон бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкориҳоро дар бахшҳои иқтисод, энерживу ҷаҳонгардӣ ва беҳдошту дорусозӣ баррасӣ мекунанд. Дар ин маҷмаъ аз ҷониби Тоҷикистон аз ҷумла, ширкати "ТАЛКО", иттиҳодияи "Хима" ва ширкати сохтмонии "Новый век" ҳузур доранд. Дар нимаи аввали рӯз соҳибкорони ҳинд дар маркази Тоҷикистон аз чанд корхонаи санъатӣ боздид карданд. Ин маҷмаи серӯза пагоҳ кори худро дар Душанбе идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG