Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Перехват" баъд аз тирандозии тоҷикон дар Маскав


Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, барои боздошти ширкаткунандагони як тирандозӣ дар ҷануби Маскав амалиёти "Перехват" ё "Боздошт" эълон шудааст. Дар ин бора пулиси шаҳри Маскав хабар додааст. Ин муноқиша дар 25-километрии Маскав дар наздикии маркази тиҷоратии "Эмирал" рух додааст ва дар он шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат доштаанд. Дар ин тирандозӣ 5 шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидаанд. 4 нафари онҳо аз захми тир ва як нафари дигар аз захми корд ба бемористон интиқол дода шудаанд. Матбуоти Русия аз қавли мақомоти пулиси Маскав хабар додаанд, ки афроди дигари дастдошта дар ин ҳодиса дар ду автомошинаи "Жигулӣ" аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG