Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 15 мусофири як киштӣ дар Мақдуния


Ғарқ шудани як киштии ҳомили сайёҳони ғолибан булғор дар кӯли Оҳрид дар ҷанубуғарби Мақдуния мунҷар ба ҳалокати дастикам 15 сарнишини ин киштӣ шудааст. Киштии Iliden бо дастикам 50 мусофир аз шаҳри Оҳрид ба дайри таърихии Науми муқаддас, ки аз соҳил ҳамагӣ 200 метр дур аст, шино мекард.
Пулиси Мақдуния мегӯяд, ки аз ин сониҳа 53 нафар ҷон ба саломат бурдаанд. Далели ғарқ шудани киштӣ ҳанӯз рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG