Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис капитани киштии туркиро озод мекунад


Мақомоти Гурҷистон капитани киштии туркиро, ки чанд рӯз пеш бо ҳукми додгоҳ барои вайрон кардани эмбаргои Тифлис дар баробари Абхозистон ба мӯҳлати 24 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, раҳо хоҳанд кард. Дар ин бора вазири умури хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлу ба хабарнигорон дар Стокҳолм хабар дод. Ба гуфтаи вазир, соҳиби киштии боркаш, ки аз сӯи марзбонҳои Гурҷистон дар баҳри Сиёҳ боздошт шуда буд, омода аст ҷаримаи муқараркардаи додгоҳ - 18 ҳазор долларро пардохт намояд. Ин киштӣ барои Абхозистон маводи сӯхт мебурд.
XS
SM
MD
LG