Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Ҳукми Жовтис ангезаи сиёсӣ дорад


Созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) изҳор намуд, ки ҳукми додгоҳ дар баробари ҳомии ҳуқуқи башар аз Қазоқистон Евгений Жовтис ангезаи сиёсӣ дорад. Раиси Бюрои ҳуқуқи башари Қазоқистон дирӯз бо ҳукми додгоҳ барои 4 сол равонаи зиндон гардид – Евгений Жовтис дар садамаи автомобилӣ, ки бар асари он як пиёдагард ба ҳалокат расид, айбдор дониста шуд. Дар изҳороти Human Rights Watch гуфта шудааст, ки дар мурофиаи додгоҳӣ қонуншиканиҳо рух доданд, аз ҷумла, чанд шоҳиди муҳими ҳодиса, ки вакилони дифоъи Жовтис даъват карда буданд, мавриди бозпурсӣ қарор нагирифтанд.
XS
SM
MD
LG