Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Қундуз боиси ҳалокати 90 нафар гардид


Таркиши ду мошини ҳомили маводи сӯхт дар вилояти Қундузи Афғонистон ба асари бомбборони ҳавопаймоҳои нерӯҳои байнулмилалӣ рух додааст. Дар ин бора имрӯз ҳайати фармондеҳии НАТО дар Афғонистон хабар дод. Ҳавопаймоҳо ин мошинҳоро баъди он ҳадаф қарор доданд, ки дар бораи рабуда шудани маводи сӯхт аз сӯи толибон хабар расид. Ба иттилоъи ВВС, толибон ҳангоми ҳамла ба корвони мошинҳо бо маводи сӯхт ду ронандаро сар буриданд. Айни ҳол ҳуввияти ронандаҳо маълум нест ва бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки маводи сӯхт барои нерӯҳои байнулмилалӣ аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол ёфтааст.
Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки бар асари таркиши мошинҳои ҳомили маводи сӯхт тақрибан 90 нафар, аз ҷумла, даҳҳо тан аз мардуми осоишта кушта шуданд. Волии Қундуз Муҳаммад Умар гуфт, ки бештари кушташудагон толибонанд. Ҳадс зада мешавад, ки толибон ба мардуми маҳаллӣ амр кардаанд то ба онҳо барои аз дарё убур кардани мошинҳои рабудашуда кумак кунанд. Даҳҳо нафар бо ҷароҳатҳои сӯхтагӣ ба бемористонҳои шаҳри Қундуз интиқол ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG