Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс дар бораи стротегияи Обама дар Афғонистон


Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико мегӯяд, стротегияи нави Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар мавриди торумори шабакаҳои террористӣ акнун оғоз шудааст ва иҷрои он вақт мехоҳад. Роберт Гейтс зимни суханони худ дар як нишасти хабарӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, вай бо ақидаи баъзе мунаққидон розӣ нест, ки мегӯянд, замони хуруҷи нируҳои Амрико аз Афғонистон фаро расидааст. Назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки ҳимояти аҳолии Амрико аз ҷанги Афғонистон коҳиш ёфтааст. 31-ӯми август Стейнлӣ МакКристалл-фармондеҳи нави нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон гузориши наверо дар бораи вазъи Афғонистон ба Вошинтон фиристод ва аз вазорати дифоъ нируву сармояи бештар хост. Кохи Сафед мегӯяд, ки Обама дар ҷараёни рухсатии худ ин гузоришро меомӯзад.
XS
SM
MD
LG