Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқот дар бораи сулҳи Исроилу Фаластин


Ҷорҷ Мичелл-фиристодаи вижаи Амрико, ки мехоҳад музокироти сулҳи Исроилу Фаластин аз сар гирифта шавад, гуфт, ки вай рӯзи чаҳоршанбе бо ду нафар аз намояндагони мақомоти расмии Исроил "мулоқоти хуб" доштааст. Оқои Мичелл гуфтааст, вай бо Йитжак Молхо ва Майк Ҳерзог баъд аз мулоқоти ҳафтаи гузаштаи Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил бо ин ду нафар гуфтугӯ доштааст. Ҳафтаи гузашта Нетаняҳу дар Лондон роҷеъ ба қатъи сохтмон дар маҳаллоти ишғолии Фаластин бо мақомоти Британия мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG