Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқгарони ҳавопаймои ҷангӣ ба даст афтоданд


Мақомоти интизомии Амрико мегӯянд, ки онҳо як шаҳрванди Белгияро, ки талош доштааст, барои Эрон қисмҳои ҳавопаймои ҷангӣ бихарад, боздошт кардаанд. Вай ин корро дар ҳоле мехостааст анҷом диҳад, ки Амрико бар зидди Эрон таҳрим эълон кардааст. Вазорати адлияи Амрико гуфтаст, ки Жак Монсиер ва Доро Футуҳӣ-эронии муқими Фаронса барои музокира бо як агенти махфии Амрико роҷеъ ба харидории қисмҳои ҳавопаймои ҷангии ЭФ-5 ва фиристодани он аввал ба як кишвар ва сипас аз он ҷо ба Эрон муттаҳам дониста шудаанд. Жак Монсиер рӯзи ҷумъа ҳангоми вуруд ба Нию Йорк боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG