Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар бораи сипари мушакӣ тасмим нагирифтааст


Кохи Сафед дар мавриди мустақарсозии системи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупо ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Дар ин бора Ҷеймс Ҷойс, мушовири раисиҷумҳури ИМА, дар мулоқот бо вазири умури хориҷаи Лаҳистон Радослав Сикорский хабар дод. Ин мулоқот дар чаҳорчӯби маросимҳои ёдбуд дар робита ба 70-умин солгарди шурӯъи ҷанги дввуми ҷаҳон дар шаҳри Гдански Лаҳистон баргузор шуд.
Мустақарсозии сипари мушакии ИМА дар Аврупо – ибтикори маъмурияти раисиҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш аст ва як сол қабл Вошингтон дар ин бора бо ҳукуматҳои Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон созиш имзо карда буд. Кохи Сафед тасмим дар бораи истиқрори сипари мушакӣ дар Аврупоро бо имкони ҳамла аз сӯи Кореяи Шимолӣ ва Эрон бастагӣ медиҳад. Маскав ба ин тасмим мухолиф аст ва мустақаршавии системи зидди ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Аврупоро хатари ҷиддӣ барои амнияти Русия мехонад.
XS
SM
MD
LG