Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Август моҳи фоҷеъабор барои Амрико дар Афғонистон


Дар Афғонистон ду сарбози бритониёӣ ва 2 сарбози амрикоӣ дар инфиҷори баме кушта шудаанд. Моҳи август барои сарбозони амрикоӣ фоҷеъаботарин моҳ дар Афғонистон будааст. Дар ин моҳ 47 низомии Амрико кушта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки генерал Стейнлӣ МакКристал-фармондеҳи нируҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон гузориши худро дар бораи вазъи Афғонистон ба НАТО ва ба вазорати дифоъи Амрико фиристодааст. Дар ин гузориш вай вазъи амниятӣ дар ин кишварро ҷиддӣ хондааст, вале гуфтааст, муваффақият дар ин кишвар дар сурати иттихози стротегияи "хирадмандона" ба даст хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG