Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Тоҷикистон ба додгоҳи Дубай эҳзор шуд


Ҳарду нафари муттаҳам ба ҳамдастӣ дар қатли фармондеҳи чечен Сулим Ямадаев гуноҳи худро эътироф накарданд. Шаҳрванди Эрон Маҳдӣ Лорниё ва шаҳрванди Тоҷикистон Мақсудҷон Исматов имрӯз бо иттиҳоми “таҳияи сӯъиқасд” ва “кӯмаку мусоидат” ба қотилони Ямадаев ба додгоҳи Дубай эҳзор шуданд. Ямадаев, ки аз мунтақидини раҳбари рӯ ба Маскави Чеченистон Рамазон Қодиров маҳсуб мешуд, дар моҳи март дар натиҷаи як сӯъиқасд дар Дубай кушта шуд. Ямадаев ба мисли Қодиров аз фармондеҳони пешини ҷудоиталабони чечен аст, ки баъдан тағйири сангар карда, ба тарафи Русия гузаштанд. Пулиси Дубай мегӯяд, 4 гумонбари дигар дар анҷоми ин сӯъиқасд, бо шумули як вакили парлумони Русия, дар пайи қатли Ямадаев аз Имороти Муттаҳидаи Араб фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG