Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоятҳои интихоботӣ дар Афғонистон афзоиш меёбад


Шикоятҳои марбут ба тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи якшанбе ба 700 адад расид. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, баъд аз шумориши 35 дарсади оро ҳоло Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ бо 46,2 дарсади оро дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Рақиби аслии вай Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини умури хориҷаи Афғонистон бо 31,4 дарсад мақоми дуввумро ишғол мекунад. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот наметавонад эълон шавад, агар кумиссиюни расидагӣ ба шикоятҳо ба ҳамаи ин шикоёт расидагиро ба поён нарасонад. Мақомот умедворанд, ки 17-ӯми сентябр натиҷаҳои ниҳоӣ эълон шавад, вале шикоятҳои зиёд ин корро ғайримумкин кардааст.
XS
SM
MD
LG