Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар намоишгоҳи ҳавопаймоҳои ҷангӣ


Бар асари суқути як ҳавопаймои низомии Су 27 дар авиашоу ваё намоишгоҳи ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар шаҳри Радоми Лаҳистон яке аз афсарони воломақоми нерӯҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Белорус полковник Александр Морфицкий ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки муҳаррики ҳавопаймо баъди ба он даромадани парранда аз кор мондааст ва ин боиси суқути Су 27 гардид. Дар ин ҳодиса боз як афсари белорус Александр Журавлевич ба ҳалокат расидааст. Фоҷиа дур аз намоишгоҳ ба вуқӯъ пайваст ва ба тамошобинон осебе нерасидааст.
XS
SM
MD
LG