Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомид Карзай дар интихоботи президентӣ пешсаф аст


Комиссиюни таҳқиқи арзу шикоятҳо аз қонуншиканиҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои маҳаллии Афғонистон эълом дошт, ки беш аз 500 далели дар арзҳо овардашуда басо ҷиддиянд ва метавонанд ба натоиҷи ниҳоии интихобот таъсир гузоранд. Сухангӯи ин комиссиюн имрӯз изҳор намуд, ки онҳо дар маҷмӯъ беш аз 2 ҳазор арзу шикоят дар бораи қонуншиканиҳо зимни овоздиҳиро дастрас кардаанд.
Ахиран Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон эълом дошт, ки баъди баршумурдани 35 дар сади раъйҳо бартарии раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай аз рақиби аслияш дар интихоботи президентии рӯзи 20 август, собиқ вазири умури хориҷаи кишвар Абдулло Абдулло, афзоиш ёфт. Тибқи омори комиссиюн, аз номзадии Карзай беш аз 46 дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд ва доктор Абдулло беш аз 31 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Барои пирӯзӣ дар даври аввал яке аз номзадҳо бояд ба дарёфти беш аз 50 дар сади раъйҳо муваффақ шавад.
XS
SM
MD
LG