Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳо дар Ироқ 15 нафар ҷон бохтанд


Бар асари ду таркиш дар Ироқ дасти кам 15 нафар ба ҳалокат расиданд. Яке аз таркишҳо дар канори бинои идораи полиси шаҳри Ширқати вилояти Салоҳиддин ва дигарӣ - дар шаҳри Синҷар, воқеъ дар шимолу шарқи кишвар, ба вуқӯъ пайвастанд. Дар шаҳри Синҷар асосан язидиҳо – курдҳои пайрави дини Зардушт ба сар мебаранд.
Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки дар деҳаи Ҳамад, воқеъ дар шимоли шаҳри Тиқрит, аз инфиҷори мошини ҳомили маводи тарканда аз сӯи як маргталаб панҷ корманди полис кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG