Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти ҳизби ҳукмрони Ҷопон наздик аст?


Дар Ҷопон омодагиҳо ба интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе поён меёбад. Интизор меравад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизби ҳукмрони либерал-демократии сарвазир Таро Асо аз сӯи ҳизби демократӣ мағлуб шавад. Тибқи пешгӯиҳо, демократҳо, ки алҳол дар порлумони дорои 480 ҷой ҳамагӣ 112 курсӣ доранд, дар интихоботи рӯзи 30 август дасти кам 300 мандатро соҳиб хоҳанд шуд. Нозирон ҳадс мезананд, ки баъди интихобот дар Ҷопон тағйироти бузурги сиёсӣ рух хоҳад дод. Дар ин кишвар беш аз 110 миллион нафар соҳиби ҳаққи раъйанд.
XS
SM
MD
LG